Дастаи низоми дифои мушакии С-300-и Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ оғоз мекунад.
Тавре дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои Ҳавза генерал-полковник Александр Лапин иттилоъ додааст.
“Дивизиони мушакии дифои ҳавоӣ, ки бо низомҳои С-300ПС мусаллаҳ аст, аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ шурӯъ мекунад. Айни замон корҳои омода кардани мавқеи ҷойгиркунии техника ҷараён дорад, ки то охири моҳи ноябр бояд ба анҷом расонида шаванд”, - шарҳ додааст Лапин.
Моҳи октябр пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо низомҳои мушакии дифои ҳавоии С-300ПС мусаллаҳ шуд. Техника ба қаламрави кишвар тариқи роҳи оҳан интиқол дода шуд.
Вазифаи асосии дивизион таъмини ҳимояи иншооти пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз воситаҳои ҳамла аз фазо ва кайҳон, ҳамчунин дифои зиддиҳавоии амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳайати дивизион фарогири қариб 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаи фармондеҳӣ, дастгоҳҳои партоби мушак, муайян кардан ва пайгирии ҳадаф, ҳамчунин мошинҳои таъмини фаъолияти низом аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста