Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботӣ дар кишвар ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 28-уми феврал ҳамаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ шабонарӯзӣ дар ҷойҳои корӣ хоҳанд буд.
Реҷаи пурзӯри адои хизмат аз сабаби маъракаи интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шуд.
Дар давраи баргузории интихобот ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони издиҳоми мардум, бозору хиёбон ва кӯчаҳои тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ посбонӣ гардида, зери назорат қарор мегиранд.
Ҳамаи 3 ҳазору 371 қитъаи интихоботӣ, ки рӯзи 1-уми март боз мешаванд, шабонарӯзӣ посбонӣ хоҳанд шуд.
Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи баргузории интихобот комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста