Тоҷикистону Қирғизистон даҳаи аввали моҳи март гуфтушунидҳоро оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо барқарор мекунанд.
Тавре 24.kg бо такя ба гуфтаҳои намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили сарҳад Назирбек Борубоев дар брифинг хабар медиҳад, дар робита ба вазъи марбут ба сирояти COVID-19, кори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад боздошта шуда буд.
“Тавре медонед, ин комиссияро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунад, - изҳор доштааст ӯ. - Ӯ ҳозир бемор буда, вақте муолиҷа шудаву бармегардад, даҳаи аввали моҳи март гуфтушуниҳоро бо Тоҷикистон оғоз мекунем”.
Номбурда инчунин қайд кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон корро дар ин самт соли ҳанӯз 2002 оғоз намуда, дар мавриди таъйину аломатгузории 60%-и сарҳад ба мувофиқа расиданд.
“Қитъаҳои боқимонда хеле мушкиланд, аз ин рӯ, ҳалли онҳо дар муҳлати кӯтоҳ муяссар намешавад”, - илова кардааст Борубоев.
Ёдрас мекунем, ки пас аз таъини Азим Иброҳим ба мансаби вазири нақлиёт, акнун минбаъд ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба дақиқ кардани гузариши хатти сарҳад муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҳбарӣ хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо, натавонистанд сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста