Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон аз даргирии нави мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабар дод.
Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳорот гуфтааст, ки соати 14:55 рӯзи 8-уми июл чанд марзбони қирғиз дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ба таври ғайриқонуни марзи давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд.
Бино ба ин изҳорот, "низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд".
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки сарҳадбонони қирғиз ба амри марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд,-мегӯяд КДАМ Тоҷикистон.
Ҳоло ба гуфтаи ниҳодҳои Тоҷикистон мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.
Ин ҳодиса имрӯз, дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки имрӯз, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ва раиси ҳайати ҳукуматии Комиссияи байндавлатии ин кишвар дар бахши таъину аломатгузории марзи давлатӣ, дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт, ки "баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳал нашудааст".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста