Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо 25 июл бо вазири мудофиаи Қазоқистон генерал-лейтенант Нурлан Ермекбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, зимни гуфтугӯ вазирон вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва масъалаи расонидани кумак ба Тоҷикистон аз ҷониби Қазоқистонро барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои мавҷуда баррасӣ намуданд.
Роҳбарони ниҳодҳои мудофиавии кишварҳр инчунин атрофи масоили омодагӣ ба машварати қарибулвуқӯи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе табодули назар карданд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.
Як рӯз пеш Шералӣ Мирзо тариқи телефон бо вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, вазъият дар сарҳад ва тадбирҳои муштаракро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдиду хатарҳои марбут ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон, вазирони мудофиаи кишварҳо ҷараёни татбиқи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар самти таҳқими моддӣ-техникии артиши Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкории ҳарбӣ-техникии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, вазирон ҳамчунин дар бораи тамринҳои низомии се кишвар - Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар Душанбе ба нақшаи гирифта шудааст, изҳори назар намуданд.
“Коршиносони ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи Русия ва Ӯзбекистон аллакай ба Тоҷикистон омада, масоили баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористиро аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” таҳияву коркард мекунанд”, - зикр кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки бо иштироки ҷузъу томҳои ҳарбӣ аз Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” тамринҳои муштарак баргузор мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста