Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ин ниҳод хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, бар пайи ин тағйирот, ки 5-уми ноябр сурат гирифтааст, сардори як раёсат ва роҳбарони 8 шуъбаи ин ниҳод дар шаҳру ноҳияи кишвар нав шудаанд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ин кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфтаву аз онҳо хостааст, ки "барои таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо" талош кунанд.
Ҳамин тавр, ВКД мегӯяд, ки сарҳанг (полковник) - Аскарҷон Абдурасулзода сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ва сарҳангҳо Илҳом Ҷабборзода Саттор сардори шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мирзо Фидозода сардори ШВКД Ёвон, Хайриддин Ҷаъфарзода сардори ШВКД-и ноҳияи Мурғоб, подполковникҳо Умед Ҳамидзода сардори ШВКД-и ноҳияи Рӯшон, Шоҳвалӣ Ташрифзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва майорҳо Абдурауф Ғаффорзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҷомӣ вилояти Хатлон, Ғолиб Пирмуҳаммадзода сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Саидҷаъфар Икромзода сардори ШВКД-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таъин шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста