Бар асари тирпарроние, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар чанд мавзеи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, оғоз гардид, як сарбози тоҷик кушта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, миёни аҳолии осоишта низ ҷароҳатбардоштагон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизиӣ бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи тирпаронии имрӯза 11 низомии қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба КДАМ ин кишвар аз баргузории эҳтимолии гуфтушунидҳо байни раисони вилоятҳои Ботканту Суғд хабар медиҳанд.
Ҳамзамон, як манбаъ аз ВКХ ба “Asia-Plus” гуфт, ки чанде пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев дар сӯҳбати телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ карданд.
Дар хусуси муҳтавои ин суҳбат ҳоло тафсилоти бештар дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “24kg” менависад, ки ҷониби Қирғизистон бори дигар зарурати ҳалли мушкилоти марзӣ бо роҳи сиёсӣ-дипломатиро таъкид намудааст.
Пас аз суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба даргирии имрӯза дар сарҳади ду кишвар ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супоридааст.
Ҳамчунин, расонаҳои қирғиз бо такя ба КДАМ-и Қирғизистон хабар медиҳанд, ки чанде пештар роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев бо мақсади қатъи оташ ва роҳ надодан ба доман паҳн кардани даргирӣ, суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
Ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки шурӯъ аз соати 10:00 оташбас эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста