Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҷузъиёти муноқишаву задухӯрд ва шумори ҳалокшудагон бар асари ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дод.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз ҳалокати 28 нафар хабар медиҳад:
- 14 сентябр дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ҳалок гардиданд;
- 16 сентябр низомиёни қирғиз ба хонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара даромада, соҳиби хона - зани калонсолро бо бераҳмии махсус куштанд;
- 16 сентябр бар асари тирпаронии низомиёни қирғиз дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 аъзои як хонавода, аз ҷумла духтарчаи 6-сола, писарчаи 5-сола ва зани дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ қарордошта ҳалок шуданд;
- 16 сентябр дар натиҷаи тирпаронӣ аз миномёт аз ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 зани калонсоли шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд;
- 16 сентябр дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба бинои мактаби №8 дар ҷамоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - аҳолии осоишта ҳалок шуданд;
- 16 сентябр бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба масҷид дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳалокати беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ хабар дода, пешниҳод кард, ки ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни низои охири марзӣ, 20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад.
Қирғизистон аз ҳалокати 46 нафар дар ҷараёни муноқишаҳо дар сарҳад бо Тоҷикистон хабар медиҳад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста