Бо далели мураккабии ҷуғрофиё ва сиёсати дохилии кишварҳо ҳанӯз роҳҳалли ин мушкил пайдо нашудааст.
Даргириҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, ки дастикам 100 кушта бар ҷо гузошт, хавфҳои ҷиддии марбут ба баҳсҳои ҳудудии ҳалношудаи байни кишварҳоро нишон медиҳад. Таҳлилгарони ҳар ду тараф ба тағйири муносибатҳо таъкид мекунанд.
Бишкек ва Душанбе дар оғози задухӯрди марзии рӯзҳои 14-17 сентябр ҳамдигарро муттаҳам карданд. Макони ҳодисаро Тоҷикистон минтақаи Кех ва ҷониби Қирғизистон Булак-Бошӣ меномад.
Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, марзбонони тоҷик дар посух ба тақозои қирғизҳо барои хуруҷ аз қаламрави баҳсӣ оташ кушодаанд.
Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамлаи сарбозони қирғиз ба посгоҳи марзии онҳо хабар дод.
Задухӯрдҳо то бегоҳ идома карда, субҳи 16 сентябр аз нав шурӯъ гардид. Қирғизистон аз тирборон шудани тамоми хати марз дар вилояти Бодканд хабар дод, Тоҷикистон бошад, дар навбати худ эълон кард, неруҳои қирғиз маҳаллаҳои аҳолинишини вилоятҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуровро тирборон кардаанд.
Дар пасманзари даргириҳо, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд бо ҳам мулоқот ва дар мавриди оташбас тавофуқ карданд.
Ҳарчанд рӯзи дигар дар минтақаи Чон-Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон ва Лахши Тоҷикистон даргириҳои кӯтоҳе ба вуқӯъ пайваст, 19 сентябр хадамоти амниятии ҳарду кишвар созишномаи сулҳро имзо карданд.
Мақомоти расмии Қирғизистон гуфтанд, дар ин даргириҳо 59 нафар кушта, 163 кас захм бардоштааст. Дар ин робита 19 сентябр дар он кишвар рӯзи мотами миллӣ эълон гардид. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз кушта шудани 41 шаҳрванди ҷумҳурӣ хабар дод ва бо далели мавҷудияти ҳолатҳои бардоштани ҷароҳати вазнин эҳтимоли афзоиши ин рақамро сарфи назар накард.
Ҳарчанд дар қитъаҳои баҳсии марз сари чанд вақт ҳолатҳои даргирӣ ба мушоҳида мерасад, аммо ин ҷиддитарин бархӯрди мусаллаҳона баъд аз моҳи апрели соли гузашта ба ҳисоб меравад. Соли сипаришуда дар пайи даргириҳо беш аз 50 нафар ба ҳалокат расида буд.
Темурлан Иброҳимов, мудири Маркази мутолеъоти сиёсӣ ва ҳуқуқии Қирғизистон мегӯяд, ҷуғрофиёи печидаи минтақа, ба хусус маҳдуд будани манобеъи об, дастёбӣ ба созиш дар баҳси марзиро мушкил мекунад.
Вай бар ин назар аст, ки ҷонибҳо барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар оянда бояд ҳадди ақал қисман дар мавриди ғайринизомӣ кардан (демилитаризатсия)-и марз ба тавофуқ бирасанд.
“Ин чунин маъно дорад, ки дар хати сарҳад, масалан, 15 километр аз ҳар самт, тамоми мошинҳои зиреҳпӯш, миномёт, тӯп ва амсоли он гирифта шуда, ба марзбонон танҳо аслиҳаи сабук, ки барои мубориза бо қочоқбарон ва нақзгарони сарҳад кифоя аст, гузошта шаванд”,-гуфт ӯ.
“Сониян, таъсис додани низоми назорати мутақобила хеле муҳим аст, ки ҳадди ақал барои қисман ба ҳамдигар эътимод кардани тарафҳо шароит фароҳам оварда метавонад”,- идома дод Иброҳимов. “Чунин низомро мешавад дар асоси созишномаҳо дар бораи санҷиши ҳамдигар – нақшавӣ ва ғайринақшавӣ таъсис дод. Ин тадбирҳо метавонанд ба коҳиши шиддати муноқишаҳои эҳтимолии мусаллаҳонаи байни кишварҳо мусоидат кунанд”.
“Тарафи ҳамдигар тир паррондан манфиате ба бор намеорад”
Эмил Ҷӯраев, коршиноси умури сиёсӣ аз Бишкек мегӯяд, мувофиқат сари аломатгузории марз, мушкилоти боқимонда, аз ҷумла таъмини об ва дастрасӣ ба роҳро ҳал намекунад.
“Ин мушкилро бояд дар алоҳидагӣ ва дар шакли барои ҳарду ҷониб қобили қабул баррасӣ намуд”,-гуфт ӯ. “Ва муҳимтар аз ҳама, ҳама бояд дарк кунанд: ҳар даргирӣ бо истифодаи хушунат, тирпарронӣ ва талафот моро аз ҳама гуна роҳи ҳалли мушкилот дур мекунад”.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди идомаи музокирот барои аломатгузорӣ шудани сарҳад, ба масоили аслӣ, ки боиси даргириҳои марзӣ мешаванд, расидагӣ нашудааст.
“Аввалан, дар атрофи Ворух масъалаи тақсими об, замин ва чарогоҳ ҳалношуда боқӣ мондаанд. Мушкили роҳ, ки ҳамеша боиси муноқишаи сокинони ду тарафи марз мешавад, низ ҳал нашудааст. Ҳамаи ин чунин маъно дорад, ки дер ё зуд даргириҳо аз нав шурӯъ мешаванд. Зеро масъалаҳое, ки боиси чунин муноқиша мешаванд, ҳал нашудааст”.
Муллоҷонов муътақид аст, пеш аз ба қудрат расидани Ҷабборов дар ин самтҳо пешрафтҳои назаррасе ба мушоҳида мерасид, аммо ӯ нисбат ба ҳамсоякишварҳо мавқеи нисбатан хашинеро интихоб кард.
“Вай муҳосираи иқтисодӣ эълон кард, сарҳадҳоро баст ва ба марз нерӯ фиристод”,- идома дод ӯ. “Ба ибораи дигар, фишор аз ҷониби Қирғизистон, муқовимат аз ҷониби Тоҷикистон ва таниши сиёсӣ дар минтақа афзоиш ёфт. Мушкил дар сурате ҳал мешавад, ки агар мақомоти кунунии Қирғизистон дарк кунанд, ки усули фишор корагар нест. Дар умум, ҳарду ҷониб мехоҳанд мушкилро ҳал кунанд, аммо рӯйкард ба он бояд дигаргуна бошад”.
Илова бар ин, ба гуфтаи Муллоҷонов, сокинони навоҳии наздимарзии ҳарду ҷониб бо раҳбарияти худ ҳамкорӣ намекунанд.
“Ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо ба ҳукуматҳои худ фишор меоранд: агар шартҳои мо иҷро нашаванду шарти тарафи дигар қабул шавад, мо ба даст силоҳ мегирем ва [барои ҳалли мушкилоти худамон] меҷангем”,- илова намуд ӯ.
Лола Олимова, коршиноси тоҷик дар масоили расонаҳо мегӯяд, ҳарду ҷониб пас аз задухӯрдҳои моҳи апрели соли 2021 “ҷойи он ки ба мушкили мардум расидагӣ кунанд ва барои делимитатсияи сарҳад талош варзанд”, ҳузури низомии худро дар марз афзоиш доданд.
Вай ба тағйири бунёдии рӯйкард даъват кард.
“Изҳороти “реваншистӣ” ва тарафи ҳамдигар тир парондан манфиате ба бор намеорад”,- гуфт Олимова. “Солҳои охир фаромӯш кардем, ки тоҷикон ва қирғизҳо дар тӯли асрҳо зиндагии осоишта доштанд. Мушкилот бо усулҳои дигар ҳал мешуданд. Албатта, ҳоло вақте ин қадар одамон кушта шуданд ва ин қадар харобӣ шуд, дар мавриди эътимоду боварӣ сухан гуфтан душвор аст. Аммо ба ҳар ҳол, дар доираҳои хурд, миёни дӯстону хешу табор, ки дар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд, бояд оҳиста-оҳиста барои баргаштан ба оштӣ ва зиндагии осоишта кор кард. Мардум медонанд, ки ҳеч ҷойгузине барои зиндагии мусолиҳатомез вуҷуд надорад”,-гуфт Олимова ва пешниҳод намуд, ки барои ҳалли қазия аз усули маъмули мардумӣ кор гирифта шавад – “аз ҳамдигар узрхоҳӣ шавад, ҳамдигарро бубахшанд ва зиндагии нав бисозанд”.
Як рӯзноманигори тоҷик, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, фарҳанги сиёсии ҳарду кишвар бештар аз як тавофуқи одӣ дар бораи кашидани хатти марз монеае барои ҳалли ин мушкил аст.
“Мушкилоти аслии ҳарду кишвар ин адами фарҳанги таҳаммулпазирӣ, беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи дигарон, майл надоштан барои гӯш кардани ҷониби дигар аст”,- гуфт рӯзноманигор. “Дар кишварҳои мо қудратнамоӣ ба дараҷаи мутлақ боло рафтааст, касе ба гапи дигарӣ гӯш додан намехоҳад ва ҳама созишро ба унвони шикаст медонанд. Бисёре аз кишварҳо ба ҳамдигар даъвои ҳудудӣ доштанду доранд, аммо ин мушкил на дар ҳамаҷо сабаби задухӯрдҳо ва куштор мегардад”.
«Настоящий квест». Почему оплата электроэнергии через биллинг в Таджикистане – проблема для пользователей?
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста