Дирӯз, 5-уми октябр, нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои ширкат дар машқҳои муштарак бо нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) “Бародарии шикастнопазир-2023” ба Қирғизистон рафтаанд. Дар ин бора хабаргузории “Akipress” бо такя ба Вазорати дифои Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
Қаблан Қирғизистон маҳз барои ширкат накардани нерӯҳои низомии Тоҷикистон баргузории ин машқи муштаракро лағв карда буд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 9 то 13-уми октябр дар заминаи маркази таълимии “Эдельвейс”-и қисми низомии 20636-и Вазорати дифои Қирғизистон тамринҳо бо нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви СААД баргузор мешаванд.
Дар машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2023” нерӯҳои низомии посдори сулҳи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Ба иттилои дастрас, ҳама нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви СААД имрӯз дар Қирғизистон ҷамъ мешаванд.
Интизор мерафт, ки машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2023” имсол дар Арманистон баргузор шавад. Аммо Вазорати дифои Арманистон ба СААД дар бораи номувофиқ будани баргузории тамриноти нерӯҳои посдори сулҳи СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” хабар додааст.
Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки СААД моҳи феврали имсол дар ин хусус гуфт, “дар марҳалаи ниҳоӣ баргузории машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД “Бародарии шикастнопазир-2023”, ки аслан дар Арманистон баргузор мешуд, дар қаламрави Қирғизистон ба нақша гирифта шуд”.
Бояд гуфт, ки соли гузашта қарори баргузории машқҳои нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки аз 10 то 14-уми октябр дар тамрингоҳи “Эдельвейс”-и Қирғизистон дар назар дошта шуда буд, лағв гардид ва сабаби он низоъ миёни Тоҷикистону Қирғистон буд.
Баъди чанде Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон сабаби бекор кардани тамринҳои СААД – “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишварашро ба ширкати нерӯҳои низомии Тоҷикистон рабт дод.
Ӯ гуфт, ки “мо узвияти комилан шикастнопазири СААД-ро дорем, бо ин созмон, бо мандат, бо рисолат ва оинномаи он ягон мушкил надорем. Аммо, албатта, бо назардошти рӯйдодҳои ахир, ҳоло аламҳо тоза аст ва намешавад гӯем, ки “шумо намеоед (нерӯҳои Тоҷикистон, - идора), аммо қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед”.
Ин гуфтаи Эдил Байсалов ба даргириҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рабт дошт, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Ҳамакнун, пас аз даргириҳо миёни нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон ин маротибаи аввал аст, низомиёни тоҷик барои иштирок дар тамрин вориди хоқи Қирғизистон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳади давлатӣ баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар марз низ мешавад. Дарозии марзи ду кишвар ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда - беш аз 400 километр баҳсбарангез дониста мешаванд.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзбандӣ идома доранд. Ахиран, чанд рӯз пештар раисони КДАМ-и ду кишвар баъди як мулоқот эълон карданд, ки ба анҷоми баҳсҳо наздиканд ва дар фурсати наздик марзи ду кишвар мушаххас хоҳад шуд.
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
ГЭС, ветровые и гелиостанции. В Узбекистане запустили 18 новых энергетических объектов
Джонибек Муродов: «В жизни не бывает лёгких путей»
Таджикистан и Пакистан указали на важность скорейшей реализации CASA-1000
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста