Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни вохӯрӣ бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро баррасӣ кард.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад, мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва рушди техникаи ҳарбӣ иборат буд.
“Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои низомӣ байни Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” илова намуданд, ки ин аввалин сафари вазири мудофиаи Эрон ба Тоҷикистон буда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки вазири дифои Эрон рӯзи 17 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Имрӯз дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.
Моҳи майи соли 2022 Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон омада буд.
Зикр гардида буд, ки ӯ ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли паҳпод (дрон) ё тайёраҳои бесарнишини эронии Абобил II иштирок карданд.
Ҳамчунин Боқирӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, дар мулоқотдоираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ баррасӣ шуд.
То имрӯз дар бораи оғоз шудани истеҳсоли тайёраҳои бесарнишин дар ин корхона ягон маълумот дастрас нест.
Охири моҳи октябри соли 2022 рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон Тоҷикистонро ба даст доштан дар истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳамлаҳо ба Украина истифода мешаванд, гунаҳкор карда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин гуфтаҳоро рад намуда, таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ таҷҳизоти ҳарбиро ба кишвари сеюм содир намекунад.





Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Погранслужба КР: 80% госграницы между Баткенской областью и Таджикистаном обнесены заграждениями
Памир и Тянь-Шань тают: сможет ли программа АБР спасти воду региона?
Баходур Усмонов стал официальным претендентом на титул чемпиона мира WBA
В Таджикистане запущена новая национальная платформа объявлений — Paydo
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста