Дар сафорати Эрон дар Душанбе ба хотири гиромидошти номи ҷонбохтагони ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ёдбуд баргузор мешавад. Дар ин бора Майсин Закизода, як масъули Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ёдбуди ҳалокшудагон ду рӯз идома мекунад ва дар ин рӯзҳо дари Сафорати Эрон дар Душанбе ба рӯи ҳама меҳмонон боз хоҳад буд.
“Ёдбуди қурбониён рӯзҳои ҷумъа ва душанбе дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тавре ӯ афзуд, ёдбуд аз соати 9:00 то 12:00 ва аз соати 14:00 то 17:00-и рӯзҳои 5 ва 8-уми январ дар бинои Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор мегардад.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки намояндаи ин вазорат барои изҳори ҳамдардӣ ҳатман ба Сафорати Эрон дар Душанбе меравад.
Маврид ба зикр аст, дирӯз, 3-юми январ, дар маросими ҷаҳорумин солгарди ёдбуди фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ таркиш ба амал омад. Ин ду таркиш дар оромгоҳи Гулзори Шуҳадои шаҳри Кирмон бо фосилаи 20 дақиқа рух додааст.
Бояд гуфт, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс ва яке аз шахсиятҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳии чанд шахсияти эронӣ ва ироқии дигар, 3-юми январи 2020 мавриди ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифта ва ба шаҳодат расиданд.
Расонаҳои эронӣ бо такя ба гуфтаҳои идораи изтирории Кирмон гузориш доданд, ки дар пайи ин таркиш 103 нафар ҳалок шуданд. Аммо баъдтар волии (раиси) Кирмон эълон кард, ки теъдоди дақиқи қурбониёни ҳодисаи террористӣ дар Кирмон 84 нафар аст ва шахсияти 70 дарсади онҳо мушаххас шудааст.
Ҳамчунин, 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Мақомоти Эрон ин воқеаиро “ҳамлаи террористӣ” унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Муҳбир, муовини раисҷумҳури Эрон гуфт, дар пушти ин таркиш “агентҳои исроилӣ” пинҳонанд ва ин кишварро муттаҳам кард.
Имрӯз, 4-уми январ, дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуд. Дар музофоти Кирмон бошад, мотами серӯза эълон гардидааст.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ба мардуми Эрон изҳори таслият гуфтанд.
То ҳол дар ин таркиш ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидааст ва ё на, маълумот дастрас нест.
Тафсилоти воқеаро дар хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста