Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон, дирӯз ба расонаҳо эълон кардааст, ки ҳувияти маргталабони ҳодисаи террористии Кирмон мушаххас шудааст ва гуфтааст, ки яке аз террористи интиҳорӣ тоҷик буда ва “ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст”.
Ба гузориши хабаргузории эронии ИРНА, Аҳмад Воҳидӣ дар ҳошияи нишасти ҳайати ҳукуматӣ ба расонаҳо дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Кирмон гуфт, “теъдоди қобили мулоҳизаи ин афрод боздошт ва маконҳои пинҳонашон пайдо шудааст”.
“Ҳувияти маргталабони ҳодисаи террористии Кирмон мушаххас шудааст ва гуфтааст, ки яке аз маргталабон тоҷик буда ва ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст. Террористҳо ба таври ғайриқонунӣ аз марзи яке аз кишварҳои ҳамсоя ба Эрон ворид шуданд ва худро ДОИШ медонанд”, - гуфтааст вазири корҳои дохилии Эрон.
Ӯ ному насаби маргталабон ва аз кадом кишвари ҳамсоя ба Эрон ворид шудани онҳоро мушаххас нагуфтааст.
Аз сӯи дигар, Аҳмад Воҳидӣ мисли дигар мақомоти эронӣ дар ин таркиш Амрикоро муттаҳам кардааст, ки ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба Эрон густариш медиҳад. Қаблан масъулияти ин амалиёти террористиро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ ба дӯш гирифта буд.
Қаблан вазорати иттилоот ва амнияти миллии Эрон эълон карда буд, ки як маргталаби ҳамлаи террористии Кирмон “миллати тоҷикистонӣ дорад”.
Тоҷикистон то ҳол расман дар ин қазия вокуниш нишон надодааст.
Дирӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барои муайян кардани шахсияти “як зодаи Тоҷикистон”, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар таркише дар Кирмон муттаҳам мешавад, ба ниҳоди дахлдори Эрон ёддошт равон карданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дархости расмӣ билфосила баъди ҳодиса ва эълони он ки дар он як зодаи Тоҷикистон даст дорад, исрол карда шуд ва онҳо интизори посух аз ҷониби Эрон ҳастанд.
Дар пайи амали террористӣ, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми январ дар наздикии оромгоҳи фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ, дар музофоти Кирмони Эрон, содир шуд, 89 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории IRNA аз қавли Додситони минтақавии музофоти Кимрони Эрон Маҳдӣ Бахшӣ хабар дод, дар пайи таркиш дар Кирмон 23 маргталаби “Давлати исломӣ” ба ҳабс гирифта шуда, 16 бомбҳои худсохт мусодира шудааст.
Тафсилоти ин ҳодисаро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста