Дар Тоҷикистон машқҳои дуҷонибаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо хизматчиёни ҳарбии маҳаллӣ оғоз шуд. Дар ин бора Вазорати мудофаи Русия хабар медиҳад.
“Асоси неруҳои ҳарбии Русияро воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд”, - гуфтаанд дар Вазорат.

Дар машқҳо ҷузъу томҳои неруҳои кӯҳгард, тирандозӣ, танкҳо, артиллерия, воҳидҳои иктишофӣ, мутахассисосни ҳифз аз ҳамлаи кимиёвӣ, амнияти радиоэлектронӣ, гурӯҳи чархболҳо иштирок мекунанд.
Маросими оғози тамринҳо дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” баргузор шуданд. Дар ин маросими сурудҳои миллии ду кишвар садо дода, парчамҳо барафрохта шуданд ва хизматчиёни ҳарбӣ дар гузашти низомӣ иштирок карданд.
Дар ҷараёни машқҳо ташкили истифодаи Қувваҳи мусаллаҳ оид ба нобуд кардани гурӯҳҳои террористӣ, омодагии неруҳо ба иҷрои вазифаҳо дар шароити кӯҳсор мавриди омӯзишу таҷрибаи амалӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин неруҳои ҳарбии Русия ва Тоҷикистон оид ба идоракунии воҳидҳо дар ҳифзи сарҳад ва маҳви нафароне, ки марзро ғайриқонунӣ гузаштаанд, машқҳо баргузор мекунанд.
Машқҳои ҳарбии мазкур аз 15 то 18 апрели соли 2024 баргузор мешаванд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста