Мақомоти Тоҷикистон ният доранд барои барқарорсозӣ ва ҳамгироии собиқ террористону экстремистон дар кишвар барномаи махсус қабул ва амалӣ намоянд. Қабули ин барнома зимни ҷаласаи ахири хукумати кишвар баррасӣ гардид.
Дар он ҷаласа, ки рӯзи 31-уми май таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон баргузор шуд, “лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд”.
Шарҳ ё ҷузиъёти аз ин беш нашр намешавад ва маълум нест мушаххасан сухан дар бораи кадом гурӯҳи шаҳрвандон меравад. Ҳамчунин маълум нест, ки оё ба ин гурӯҳ зиндониҳои аз майдонҳои ҷанг баргадонидашуда ҳам дохил мешаванд ё на.
Вале аз он ки ин мавзӯъ дар гузашта ҳам мавриди сӯҳбат будааст, эҳтимол меравад дар навбати аввал манзур кӯдакон ва занони аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ки ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Баъди соли 2018 мақомот беш аз 300 занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргардониданд ва гуфтанд, ин гурӯҳи шаҳрвандон бояд бо барномаҳои барқароршавии иҷтимоиву равонӣ ва ҳам ҳамоиш ба ҷомеа фаро гирифта шаванд.
Ин баргаштаҳо дар маҷмӯъ аз чор то даҳ соли гузашта дар берун аз Тоҷикистон дар қаламравҳои зери назари ҷангҷӯёни ДОИШ, мухолифони онҳо ва ё урдугоҳҳои паноҳандагону зиндонҳо ба сар бурдаанд.
Инҳо ба гурӯҳи афроде шомил мешаванд, ки дар қаламравҳои кишварҳои бегонае қарор доштанд, ки он ҷо амалиёти ҷангӣ ҷараён дошт ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шаванд.
Зарурати қабули барномаи ҳамоиши ин гурӯҳ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дар гузашта намояндагони ташкилоти башардӯстонаи мисли СММ ҳам таъкид кардаанд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста