Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори дигар шаҳрвандонро аз фаъолшавии қаллобон, ки платформаҳои интернетиро барои фиреб истифода мекунанд, огоҳ мекунад. Ҳолатҳои қаллобӣ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоии Telegram ва WhatsApp ба мушоҳида мерасанд. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
“Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муррифӣ намоянд, дар гирифтани қарз ё дарёфти даромади осон ваъдаи кумак диҳанд, бо баҳонаи ба итмом расидани муҳлати корт ё гӯё вуҷуд доштани кӯшиши тасарруфи пул аз корти бонкиатон рақами корт, калимаи калидӣ, CVV рамзро пурсанд, ё ин ки тавассути мессенҷер ба шумо файли шубҳанок ирсол намоянд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар Бонки миллӣ боисрор тавсия медиҳанд, ки дар чунин ҳолатҳо ҳушёру боэҳтиёт буда, ҳеҷ гоҳ тариқи телефон ё интернет маълумоти бонкии худро ба каси дигар надиҳанд.
Таъкид мешавад, ки бонк ё ташкилоти қарзии молиявӣ маблағҳоро тавассути Фейсбук, Телеграмм, Инстаграм ё дигар шабакаҳои маҷозӣ пешниҳод намекунад.
Илова бар ин, зикр мекунанд дар БМТ, Бонк ба шахсони воқеӣ шаҳодатнома ё иҷозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиётҳоро намедиҳад.
Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки барои фирефтаи қаллобон нагардидан ба таблиғҳои бардурӯғ (фейкӣ) бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос пешниҳод мегардад, худдорӣ намоянд.
Ин аввалин огоҳии Бонки миллии Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2024 БМТ таваҷҷуҳи аҳолиро ба эълонҳое, ки аз ҷониби қаллобон аз номи БМТ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуданд, ҷалб карда буд. Дар изҳорот зикр шуда буд, ки ин эълонҳо ба Бонки миллӣ ҳеҷ муносибате надоранд.
Гуфта мешуд, қаллобон барои фиреби шаҳрвандон аз номи ширкат ва шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла ширкатҳои «Toyota», «Beko», бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк», «Душанбе Сити Банк», инчунин номи президент ва шаҳрдори Душанбе истифода мебаранд.
Ҳамчунин чанде пеш сомонаи бардурӯғе ошкор шуд, ки аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ ва хидматрасониҳои шубҳанокро пешниҳод мекард. Дар хабари ин сомонаи ҷаълӣ (фейкӣ) зикр мешуд, ки гӯиё Бонки миллии Тоҷикистон барои мусоҳиба бо блогери маъруф Ёдгор Исломбеков аз болои ҳунарманд Таҳмна Раҷабова ба додгоҳ шикоят мекунад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста