Уламои Маркази исломии Тоҷикистон нисбат ба бордоршавии сунъӣ барои мусалмонони тоҷик фатво доданд.
Тавре аз шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ ба Islamnews.tj хабар додаанд, қарорро уламо дар ҷамъомади навбатии Шӯро қабул кардаанд.
Бар пояи ин фатво, мард ва зане, ки мехоҳанд тавассути бордоршавии маснӯӣ фарзандор шаванд, ҳатман бояд никоҳи мусалмонӣ дошта бошанд. Зан дар ин ҳол танҳо мании ҳамсари худро истифода бурда метавонад. Мард ҳам ба ғайр аз завҷаи худ, набояд барои бордоркунӣ тухмҳуҷайраи зани дигарро истифода барад.
Дар сурати берун шудан аз чаҳорчӯбаи шариати исломӣ, бо роҳи маснӯӣ обистан шудан гуноҳ аст. Зану шавҳаре, ки тавони риояи ин қоидаҳоро надоранд, метавонанд кӯдаконро ба фарзандӣ қабул кунанд.
Ёдрас мешавем, ки баҳсу мунозира дар бораи ҳомиладоршавии маснӯӣ, чандест идома дорад. Соли 2010 порлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар пояи қонунии онҳо, зан метавонад бо роҳи маснӯӣ ҳомила шавад.
Аммо, он замон вакили палатаи поёнии порлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буд, ки вақте беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумхурӣ пайравони дини ислом ҳастанд, қабули чунин тағйиру иловаҳо нораво мебошад.
Тавре Кабирӣ иброз дошт: «Дар мо аз қадим расму қоида ҳамин аст, ки оилаҳои бефарзанд тифли беволидайн ё фарзандони хешу табори наздики худро ба тарбияи худ мегиранд. Бо роҳи маснӯӣ бордор шудани занҳо танҳо аз тухми ҳамсари қонуниашон дуруст аст. Аммо, агар барои анҷом додани ин амалиёт истифодаи мании марди дигар лозим шавад, он гаҳ ин амал ғайри қобили қабул аст».
Ба қавли раҳбари ҳизби исломӣ, вакилони порлумони Ҷумњурӣ бояд қавонинро аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ қабул кунанд, аммо дар баробари ин набояд расму русум ва арзишҳои миллии худро сарфи назар кунанд.
Зимнан лозим ба ёдоварист, ки дар соли ҷорӣ аллакай нахуст дугоникҳои бо роҳи маснӯӣ бордоршуда таваллуд шуданд. Дар Тоҷикистон, чунин амалиёт дар маркази тиббии «Насл» анҷом дода мешавад.
Любовь, страсть и смерть на сцене таджикского театра
Из Москвы в Сталинабад за 75 часов. История первого экспресса
Люди, которые прославили Таджикистан в 2024 году
«Постоянное стремление к совершенству». Как труд одного человека приводит компанию к развитию
Запрещенный список: что категорически нельзя дарить на Новый 2025 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 декабря 2024 года
Путин извинился перед Алиевым за «инцидент» с самолетом Azerbaijan Airlines
Долой проверки бизнеса, Рогун достроим, нужны кадры и плохое воспитание детей. Что еще сказал президент в послании?
В Новый год с новыми книгами: 10 современных книг для праздничного настроения
Мировые рейтинги престижных ассоциаций: на каких позициях таджикские боксёры?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
Latofa9 июля, 2013 14:36
уважаемые господа. все таки уже видно, что одни придурки собрались в парлумон и этот Уламо. как вы не понимаете, что любая женщина мечтает носит своего ребенка по сердцем,и не важно каким путем это будет происходит,искусственно или природно. так что не Вам решать.любая женщина сначала всячески будет стараться родить своего собственного, вот если не получиться, тогда последний шанс это чужой ребенок.