Фестивали дуюми автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми сентябр гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори дар ин робита ба имзорасидаи раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр мегардад, ки бо дастгирии ташаббуси дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро-автомобилҳои шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон аз соати 9:00 то соати 12:00 дар шаҳри Душанбе дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш гузаронида мешавад.
«Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал ва паради автомобилҳои коллексионӣ таъмин намояд», - гуфта мешавад дар қарор.
Ёдрас мекунем, ки 21-уми апрел дар Душанбе фестивали нахустини автомобилҳои қадима «Авто ретро Душанбе» доир гардида буд. Созмондиҳандагони фестивал изҳор намуда буданд, ки аз ин чорабинӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар боздид намуда, шумори умумии автомбил ва дучарха (мотосикл)-ҳо беш аз 100 ададро ташкил дода буд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста