Ба қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ” тағйиру иловаҳо ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар наздиктарин фурсат ба парлумон пешниҳод мегардад.
Дар ин бора имрӯз, 17 январ Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай гуфт, ки ҳангоми эҷоди мушкилот ҳангоми сафарбарии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо роҳҳои ғайриқонунӣ, комиссияи бевоситае таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат, ки муовинони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шомили он ҳастанд, дар ин самт кор мебарад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонони ба таҳсил фарогирифташуда 600 ҳазору 500 нафар мебошанд.
Аммо ҳамасола аҳолии Тоҷикистон то 230 ҳазор нафар зиёд мешавад ва 97 ҳазор нафар ҷавонон бидуни ягон ихтисос ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дар миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад.
Маликшоҳ Неъматов гуфт, ки дар доираи барномаи ватанпарастии ҷавонон чорабиниҳои зиёд баргузор мегардад. Аз ҷумла, соли 2013 дар самти ватандӯстӣ 50 чорабинии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 20 ҳазор ҷавон ва дар тамоми минтақаҳо 500 чорабинӣ доир гардидаанд, ки дар он 90 ҳазор нафар фаро гирифта шудаанд.
Вай гуфт: “Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ доир мекунем. Рӯз то рӯз эҳсос мекунем, ки ба самти дуруст рафта истодаем. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳоло фарзандони миллат бо чеҳраи кушод ва ба таври ихтиёрӣ хизмати ҳарбӣ мераванд. Ҳамаи инро наметавон нодида гирифт. Вале мушкилот ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад”.
Ба андешаи Неъматов, бояд аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бо мақомот талош кунанд, то саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ аз байн бурда шавад.
Дар ҳамин ҳол Маҳдӣ Собир, сухангӯйи Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳор дошт, ки барои хӯроки як сарбоз дар як моҳ 35 сомонӣ ҷудо мешавад, ки ин ба назар ночиз мерасад.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфт, ки дар чандин қисмҳои ҳарбӣ ҳузур дошт ва мушоҳида кардааст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба ин масъала зиёд аст. “Бояд пайи ҳалли чунин мушкилиҳо бошем”, - илова кард Неъматов.
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста