Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир гардида, дар он бо инобати оғоз гардидани фасли гармо ва пешгирӣ аз хурӯҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ вазъи санитарию экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳалллаҳо, ки зери масъулияти раисони ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои назорати давлатӣ дар ин соҳаро вазифадор намуд, ки ҳолати барориши партовҳои сахти маишӣ дар соатҳои муқарраргардида, коркарди санитарии нақлиёти марбута пас аз партовгоҳи шаҳрӣ ба ҳудуди пойтахт ворид шудан зери назорати доимӣ қарор дода, аз воқеияти ҷойдошта ба Раиси шаҳр иттилоъ манзур созанд.
Барои ташкили назорати ҷамъиятӣ дар беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳр аз сокинони пойтахт низ даъват ба миён овард, ки дар ин ҷода бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри баланд бардоштани масъулияти хизматии роҳбарони сохторҳои зидахли ноҳиявӣ, ҷиҳати иттилоонии масъулин аз хизматрасонии сомонаи www.mometavonem.tj истифода намоянд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, сабзкории боғу майдонҳо ва канораи роҳҳои нақлиётӣ ҷалб гардида, дастур гашт, ки комиссияи махсуси экологӣ ҳолати нашъунамои дарахтони интиқолии дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр шинонидашударо ба риштаи таҳқиқ кашад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста