Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов зимни нишасти хабарӣ аз журналистон дархост намуд, ки ба маълумоти мардум расонанд, ки агар зимни истифода аз хизматгузориҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳолати фавқулодае рух диҳад, мусофирони он суғурта (бима)-и худро гирифта наметавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» аз маблағи фурӯши полисхои суғуртавӣ ба мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» 25 млн. сомонӣ қарздор аст ва аз ин маблағи қарз 17 млн. сомониаш бояд ба буҷети давлатӣ пардохт шавад.
Зикр гардид, ки соли гузашта бинобар сабаби вазъи ноустувор дар ширкати ҳавопаймоӣ давлат қарзҳои «Тоҷик Эйр» назди корхонаро аз эътибор соқит намуд. «Тибқи қарори ҳукумат ин ширкат зимни фурӯши билетҳо ба мусофирон дар ҳаҷми 2% аз арзиши он полиси суғуртавӣ меситонад. Ин қарор то ҳол амал мекунад, вале маълум нест, ки ин маблағҳо куҷо мераванд, зеро онҳо ба суратҳисоби мо гузаронида намешаванд. Мегӯянд, ки қарори мазкур мухолифи Кодекси гражданӣ ва авиатсионӣ аст, вале ман огаҳам, ки раҳбарияти «Тоҷик Эйр» бекор кардани ин қарорро пешниҳод кардааст, то ки ба ситонидаи маблағҳои полиси суғуртавӣ аз мусофирон хотима дода шавад», - гуфт Сатторов.
Дар робита ба аз ҷониби кӣ пардохт шудани маблағи суғурта ба мусофирон зимни ҳолатҳои ғайриинтизор сардори департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Анвар Нуров ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки минбаъд ширкати «Тоҷик Эйр», ки 2% аз ҳаҷми маблағи полиси суғуртавиро аз мусофирон меситонад, ин маблағро ба ихтиёри «Тоҷиксуғурта» месупорад ва ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулода мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» маблаги суғуртавии худро дастрас карда метавонанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста