Тибқи қарори раиси виояти Суғд, бо мақсади мукаммал ва баланд бардоштани сатҳ, малакаю маҳорати камонварӣ дар вилоят, маънавиёту руҳияи ҷавонон ба василаи машғулиятҳои таълимӣ, инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногун Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии махсуси бачагону наврасон оид ба камонварӣ» - и вилояти Суғд таъсис дода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матлуоти раиси вилояти Суғд, муассиси мактаб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аст ва он чун муассисаи варзишӣ таҳсилоти иловагии таълимӣ буда, сиёсати давлатро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавияти камонвариро дар вилоят тарғибу ташвиқ менамояд.
Мактаб варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, Бозиҳои олимпии наврасон, Универсиадаи донишҷӯён, Бозиҳои параолимпӣ, сурдоолимпӣ, осиёгӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии бонуфуз омода месозад.
Қабул шудан ба мактаб бо аризаи волидайн, машқварзон, варзишгарон ё намояндагони қонунии онҳо, маълумотномаи ташхиси тиббӣ ва вазъи саломатӣ, мутобиқи Низомномаи намунавии мактабҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии намудҳои варзишӣ, инчунин пас аз супоридани меъёрҳои муқарраргардидаи махсус сурат мегирад.
Как студия-школа бальных танцев «Амрита» вывела Таджикистан на всесоюзный уровень
15 добрых дел, которые вы можете совершить в благословенный месяц Рамазан
Микрозелень: что это, чем она полезна и кто ее выращивает в Таджикистане?
Захоронение или дворец? На кладбищах Худжанда проваливаются могилы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 марта 2025 года
100 лет. Как была провозглашена Таджикская АССР?
Рустам Эмомали вновь избран членом Маджлиси Милли
NYT: США ужесточат условия въезда для граждан 43 стран
Трамп заявил о ликвидации одного из лидеров «Исламского государства» в Ираке
Евросоюз поможет Таджикистану снизить потери в электросетях и «озеленить» хлопковый сектор
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста