Нашрияи ҳукумати «Тоҷикистон» Народная газета» дар таърихи 90 соли мавҷудияти худ пагоҳ, 29 июл шумораи 20-ҳазорумини газетаро ба нашр мерасонад.
Сардабири нашрия Сироҷиддин Иззатуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки таърих ва марҳилаҳои рушди нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо забони русӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта шурӯъ мешавад.
«Ҳамроҳ бо газетаҳои «Бухорои Шариф» (соли 1012) ва «Овози тоҷик» (соли 1924) ягона нашрияи ҳукумат бо забони русӣ то ҳанӯз дар инъикоси равандҳои созандагӣ ва рушд дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад», - гуфт сардабири нашрия.
Қобили зикр аст, ки шумораи нахустини газета 7 ноябри соли 1925 ба ифтихори ҷашни солгарди инқилоби Октябр ба чоп расида, вале мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон шумора аз он боқӣ намондааст.
Нашрия тӯли солҳои гуногун бо номҳои «Советский Таджикистан» ва «Коммунист Таджикистана» ба табъ расида, бо ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба «Народная газета» табдили ном кард.
Замони шӯравӣ газета ҳамарӯза чоп мешуд, вале баъди соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти молиявӣ дучор шуда, соли 1995 ҳамагӣ 30 шумора ба чоп расида буд. Аз моҳи декабри соли 1995 то моҳи апрели соли 1996 нашрия чоп нашуд. Пас аз таваққуфи тӯлонӣ чопи газета 3 маротиба дар як моҳ ба роҳ монда шуда, аз соли 2004 як маротиба дар як ҳафта нашр мешавад.
Ҳайати кормандони идораи «Азия-Плюс» ҳамкасбони худро бо нашри ҷашнии газета самимона табрик мегӯяд!



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста