Имрӯз дар Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои хонандагони синфи якум шурӯъ шуданд.
Аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин ташаббусро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод намуда, давоми як моҳ ба кӯдакон ҳарфу рақамҳо омӯзонида мешавад ва онҳо ба ҷараёни хонишу реҷаи нави рӯз ва ғайра мутобиқ мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, алҳол шумори хонандагоне, ки соли нави хониш ба синфи якум по мегузоранд, маълум набуда, моҳи сентябр саҳеҳан маълум хоҳад шуд, зеро қабули ҳуҷҷатҳои хонандагони сифи якум дар мактабҳо идома дорад.
«Аксари кӯдакон ба кӯдакистон ё дигар марказҳои таълиму тарбия нарафтаанд, аз ин рӯ, бо реҷаи рӯз дар ин гуна муассисаҳо, муносибат бо муаллимон шинос нестанд ва ин ташаббус маҳз барои чунин кӯдакон нигаронида шудааст. Дар шаҳри Душанбе дар ин самт мушкилие вуҷуд надорад ва ин ташаббус бештар дар минтақаҳое амалӣ хоҳад шуд, ки дар онҳо сатҳи фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ хеле ночиз аст», - афзуд сарчашмаи хабар.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста