Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тағйири вақти оғози дарсҳо дар муаассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе қарор қабул кард.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 16 ноябр, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар ҳамаи макотиби олӣ, коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои пойтахт дарсҳо ним соат пештар, яъне соати 7-у 30 дақиқаи субҳ оғоз меёбанд.
Ба иттилои манбаъ, ин қарор бо дархости мақомоти шаҳрдориии Душанбе дар бораи бозбинии вақти ҷадвали дарсҳои донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт ва ҳамчунин бо мақсади кам шудани тамбаҳо (пробкаҳо)-и автомобилӣ субҳу шом дар роҳҳои мошингарди шаҳр қабул шудааст.
Дар робита ба муҳлати амали реҷаи нави оғози дарсҳо дар макотиби олӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳои пойтахт зикр гардид, ки «шаҳрдорӣ сохтмони метро ё дигар роҳҳои алтернативиро дар нақша дорад». Танҳо пас аз бунёди зербинои нави шаҳр, донишҷӯён метавонанд ним соат вақти хоби талафёфтаи худро дубора бозпас гиранд.
Ёдрас мекунем, ки дар машварати кории рӯзи 5 октябри соли равон зимни баррасии масъалаи марбут ба тамбаҳои зиёди мошинҳо ҳар субҳу шом дар роҳҳои пойтахт, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур дод, ки ҳамроҳ бо Вазорати маориф ва илм масъалаи бозбинии реҷаи вақти таҳсили донишҷӯёни макотиби олии пойтахтро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Ба андешаи раиси шаҳри Душанбе, тағйири вақти реҷаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт ба қисман ҳал кардани ин мушкилот мусоидат мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста