Барои пурра таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. доллари ИМА маблағ ва 85 сол лозим аст.
Директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳамагӣ 57% аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд.
«Ҳанӯз соли 2013 мо бо ҷалби ҳудуди 1,5 ҳазор нафар мутахассисон муддати се моҳ масъалаи таъмини 43% боқимонда аҳолии кишвар бо оби ошомиданиро омӯхтему таҳқиқ кардем ва хулосаҳоямонро ба ҳукумат пешниҳод намудем», - гуфт ӯ.
А.Исломзода таъкид намуд, ки агар ҳамасола 54 млн. доллари ИМА ҷалб ва азхуд карда шавад, мутаносибан барои ин кор беш аз 2 млрд. доллари ИМА ва 85 сол лозим аст.
«Мо тасмим гирифтем, ки Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис бидиҳем, то ки ба он воситаҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ҷалб карда шаванд. Чанде аз ниҳодҳо имкон ва муҳимаш хоҳиш доштанд, ки ба ин фонд воситаҳо пешниҳод намоянд, аммо Вазорати молия аз ин воситаҳо даст кашид, зеро дар баробари грант дар он қарз ҳам вуҷуд дошт», - гуфт директори корхона.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки давоми соли равон Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис дода хоҳад шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста