Лоиҳаи омодашудаи қонуни Тоҷикистон «Дар борари маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» мавриди баҳси сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни мазкур рӯзи чоршанбе зимни мизи гирд дар Палата баррасӣ шудааст, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок доштаанд.

Дар гузориши Вазорати тандурустӣ зарурати пешгирии истеъмоли тамоку, тарғиби тарзи ҳаёти солим тариқи суҳбатҳо бо хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён таъкид шуда, намояндагони вазорат изҳор доштаанд, ки роҳандозии сиёсати пешгирии истеъмоли тамоку ба кам шудани сафи тамокукашон мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисод зарурати омӯзиши дақиқи лоиҳаи қонунро зикр намуда, онро бо «вазъи начандон сабуки иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ» асоснок кардаанд. Онҳо хулосаҳои худ дар бораи оқибатҳои моливу иқтисодии сангинтар шудани қонуни зиддитамокуро пешниҳод карданианд.

Зикр гардидааст, ки тамокукащӣ аз як тараф ба буҷети давлат даромадҳои зиёд оварда, аз тарафи дигар, ба солимии аҳолӣ зарар мерасонад.

Аз рӯи натиҷаҳои кори мизи гирд як қатор тавсияҳо қабул шудаанд, ки дар онҳо талабот оид ба иҷрои қонуни соли 2010 қабулшуда дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку дар қисмати маҳдудияти он дар муассисаҳои ҷамъиятӣ, ҷудо кардани ҷойҳои махсус барои тамокукашӣва ғайра дарҷ ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал дар   ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон  масоили марбут ба зарари истемоли тамоку баррасӣ шуд.