Ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, имрӯз дар бинои Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он рӯзноманигорони беҳтарин бо мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин консерти устодони санъати кишвар доир мегардад.
Тавре як манбаъ аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дастандаркорони чорабинии мазкур - Вазорати фарҳанг ва ИЖТ ба чанде аз рӯзноманигорон мукофотҳо ва ҷоизаҳои ҳавасмандсозӣ тақдим мекунанд.
«Имсол дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик номи гирандагони нави ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ эълон карда намешавад. Ҷоизадорони нави ин мукофот дар остонаи ҷашни асосии кишвар - Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, маълум хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик дар санаи 11 март аз соли 1994 оғоз гардид.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи ҳамкасбонро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рӯзгори ободу қалами ҳамеша бурро таманно дорем!




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста