Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин марказ наздики 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудан 1 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ аз панҷ ошёна иборат буда, барои қабули 310 нафар бемор дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар Маркази саломатӣ беш аз 300 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Баъди шиносоии пурра бо шароити Маркази нави саломатӣ дар саҳни ҳавлӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати самимӣ ороста, аз кишоварзони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар таъмини пурра бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавоти барвақтӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои муассир биандешанд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ Президент таъкид дошт, ки давоми 10 соли охир танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи аҳолӣ 125 ҳазор нафар зиёд гардида, айни ҳол ин шумора қариб ба 465 ҳазор нафар расидааст. Тибқи маълумот дар ноҳия ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд ва мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли таҳсили ҷорӣ ин рақам ба 14 ҳазор нафар хоҳад расид.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки баҳри фарогирии кӯдакони ноҳияи Рӯдакӣ бо таҳсил ҳукумат ҳамаҷониба тадбир меандешад ва дар ин робита аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки дар сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ саҳм гузоранд.
Дар баробари ин, аз аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва шахсони калонсолу обрӯманд даъват шуд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоянд ва кӯшиш кунанд, ки кӯдакони имрӯза ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат, забондону донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳоии замонавӣ ва умуман чун насли ояндасозу ободгар ба воя расанд.
«Дар самти пешгирии таъсири номатлуби фарҳангу мафкураи бегона ва шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои хатарноки экстремистиву террористӣ аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор, падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида ва умуман аҳли ҷомеа чораҳои иловагии фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда андешида шаванд», - таъкид дошт президент.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста