Тамоми маркази шаҳри Душанбе - бинои парлумон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдорӣ, сафорати Эрон ва биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд.
Дар навбати аввал дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинои ҳанӯз соли 1946 сохташудаи Маҷлиси Олӣ (парлумон)-и Тоҷикистон кӯчонида мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, маҷмааи нави парлумонӣ дар маконе қомат хоҳад афрохт, ки айни замон дар он биноҳои Вазорати кишоварзӣ, шаҳрдории Душанбе, сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва боз як қатор биноҳои истиқомативу дигар иншоот ҷойгир шудаанд.
«Маҷмааи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон - хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат афрохта, ба ҷуз иншооти навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд», - иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли равон бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Ин нукта зимни мулоқоти рӯзи 25 майи раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх зикр гардид.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста