Исҳоқ Табаров, яке аз адвокатҳои собиқ вазири саноат ва соҳибкор Зайд Саидов шоми рӯзи якшанбе дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Сабаби марги Исҳоқ Табаров алҳол расман эълон нашудааст, вале пайвандони адвокат гуфтаанд, тайи ду моҳи ахир ӯ аз мушкили нафаскашӣ азият мекашидааст ва дар ин муддат 20 кило хароб шудааст.
Тибқи маълумоти хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ, Исҳоқ Табаров чанд рӯз пеш бистарӣ шуда, вале табибон бемории ӯро дақиқ ташхис карда натавонистанд.
Қобили зикр аст, ки ду писари Исҳоқ Табаров дар маҳбас қарор доранд. Онҳо ба зархаридӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҳамчунин хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Худи адвокат дар ин робита изҳор дошта буд, ки ҳабси писаронаш фишори навбатиест болои ӯ барои ҳимояташ аз Зайд Саидов.
Ду нафар адвокатҳои дигари Зайд Саидов - Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ба иттиҳоми содир намудани ҷиноятҳои гуногун ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳамаи онҳо бар ин назар буданд, ки Зайд Саидов пас аз эълони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мавриди таъқиб қарор гирифт. Ҳизб расман таъсис дода нашуда, собиқ вазири саноат ба иттиҳоми содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба 29 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста