Дар Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки никоҳ миёни хешу таборони наздикро манъ мекунад ва қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ мавриди амал қарор мегирад.
Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд никоҳ миёни фарзандони бародарону хоҳарон ва фарзандони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ шуда, ғайр аз ин, навхонадорон уҳдадор мещаванд, ки пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббии ҳатмии бепул гузашта, хун супоранд ва мақомоти САҲШ низ бидуни пешниҳоди чунин маълумотномаҳои тиббӣ ба бастани ақди никоҳ ҳуқуқ надоранд.
Ҳамчунин муҳоҷирони корӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ватан бармегарданд, барои ташхиси гирифтор набуданашон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, низ бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Тағйироту иловаҳои мазкур ба қонун дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Кодекси оилаи кишвар пешниҳод гардида, санаи 13 январ палатаи поёнии парлумон ин пешниҳодҳои ҳукуматро маъқул шуморид.
Қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд.
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
ООН: 115 тысяч сирийских беженцев вернулись на родину после падения режима Асада
Какие фильмы выйдут в прокат в 2025 году?
Боксер-профи из Таджикистана проведет первый бой в новом дивизионе
Как легендарный завод холодильников «Памир» остался в прошлом
Пять ошибок при покупке подержанного авто и как их избежать
Эмомали Рахмон сменил послов в Турции и ЮАР
Президент Ирана нанесет рабочий визит в Таджикистан
Какие решения властей изменили жизнь таджикистанцев в 2024 году?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста