Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) бори нахуст ба феҳристи сегонаи беҳтарин мактабҳои олии Тоҷикистон шомил гардид.
«Соли хониши имсол барои донишгоҳ хеле пурсамар буд. Дар маҷлиси ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рейтинги макотиби олии кишвар эълон шуда, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб кард», - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ ректори ДДХ Анвар Мақсудов.
Ба гуфтаи ректор, дар Олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» ДДХ баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол кардааст.
Роҳбари муассисаи таълимӣ ҳамчунин ба журналистон дар бораи мубориза бо падидаҳои коррусмионӣ дар донишгоҳ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва давоми ду соли охир ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайваст нашудани ҳеҷ кадоме аз донишҷӯёни ДДХ маълумот дод.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста