Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор кард, ки ҳамаи мадрасаҳои қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, ки қаблан фаъолияташон муваққатан боздошта шуда буд, баста шуданд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки фаъолияти ҳамаи панҷ мадраса дар вилояти Суғд моҳи июни соли 2013 мутаваққиф шуда буд. «Фаъолияти ин мадрасаҳо то аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас шудани иҷозатнома аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва розигии сохторҳои дахлдор боздошта шуда буд», - гуфт С.Рустамзода.
Ба қавли номбурда, дар робита ба мутобиқат накардани оинномаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи муқарраршудаи таҳсил дар мадрасаҳо, дигарбора ба онҳо барои фаъолият иҷозатнома дода нашудааст.
Қобили зикр аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ расман 6 мадраса амал мекарданд, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, 1-тои он дар шаҳри Турсунзода амал мекунад.
Зимни нишасти хабарии соли гузашта, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов ба масъалаи мазкур каме рӯшанӣ андохта , зикр карда буд, ки мадрасаҳо бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ, фаъолияти онҳо қатъ шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста