Роҳбари «Россотрудничество» Любов Глебова дар мусоҳиба ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст, ки барои таҳсил тибқи квота дар мактабҳои олии Русия маъмулан бештар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархостномаҳо ворид мешаванд.
«Дар Тоҷикистон барои 342 ҷой тибқи квота 5 ҳазору 702 нафар ва дар Ӯзбекистон барои 150 квота - беш аз 4 ҳазор нафар довталабӣ мекунанд», - гуфтааст ӯ.
Номбурда қайд кардааст, ки довталабони кишварҳои хориҷӣ натанҳо тибқи квота, балки мувофиқи пардохти маблағи шартнома низ ба таҳсил меоянд. «Шумори ҷойҳои буҷетӣ барои хориҷиён бетағйир - 15 ҳазор ҷой боқӣ монда, вале шумори донишҷӯёни хориҷӣ аз рӯи шаклҳои гуногуни таҳсил дар Русия 187 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва имсол тибқи пешгӯиҳо шояд ба 230 ҳазор нафар расад», - таъкид доштааст Любов Глебова.
Ба гуфтаи ӯ, имсол тарзи супурдани ҳуҷҷатҳо осонтар шуда, қаблан ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабул пешниҳод кардан зарур буд. «Акнун ҳамаи маълумотро метавон дар шакли электронӣ тариқи портали мо пур кард», - иброз доштааст вай.
Роҳбари «Россотрудничество» зикр кардааст, ки тибқи квота аз ҳама бештар ба Ветнам - 855 ҷой ҷудо шуда, шумори ҷойҳо барои чанде аз кишварҳо тариқи зайл аст: Чин - 800 ҷой, Украина - 600 ҷой, Тунис - 10 ҷой (довталабон - қариб 2 ҳазор нафар), Гаити - 3 ҷой (хоҳишмандони таҳсил - 1248 нафар).




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста