Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода журналистонро огоҳ кард, ки минбаъд барои риоя накардани меъёрҳои истифодаи забони давлатӣ ҷарима хоҳанд супурд.
Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди кумита комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки мунтазам нашри мавод дар матбуоти чопиву электронӣ ва радиову телевизионро аз нигоҳи риояи меъёрҳои забон пайгирӣ мекунад ва дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо, рӯзноманигорон ҷаримабандӣ мешаванд.
Раиси Кумита аз он нигаронӣ изҳор кард, ки журналистони тоҷик ошкоро ба забони модариашон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, дар маводи худ аз калимаҳои нофаҳмои хориҷӣ истифода мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар забони тоҷикӣ синонимҳои ин калимаҳои барои ҳама фаҳмо ба таври кофӣ мавҷуданд.
Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки ояндаи наздик намояндагони Кумита ҳатман бо журналистон вохӯрда, масъалаи истифодаи дурусти забони давлатиро муфассалтар баррасӣ мекунанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста