Дар гузориши нави СММ оид ба ҳукумати электронӣ қайд мешавад, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба сатҳи рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистон мақоми 139-умро ишғол мекунад.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, ҳукумати электронӣ воситаи пурсамари беҳтар кардани пешниҳоди хизматгузориҳои давлатӣ барои аҳолӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, аммо алҳол на ҳамаи кишварҳо дастрасии кулли аҳолӣ ба технологияҳои нав ва инноватсияҳоро таъмин карда метавонанд.
Гуфта мешавад, пешсафони рейтинг дар ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ Британияи Кабир, Австралия ва Ҷумҳурии Корея буда, ИМА - зинаи 12, Қазоқистон - 33, Русия - 35, Озарбойҷон - 56, Гурҷистон - 61, Украина - 62, Арманистон - 87, Тоҷикистон - 139 ва Туркманистон - мақоми 140-умро касб кардаанд.
«Камбизоативу нобаробарӣ монеъаҳои асосии идоракуниии электронӣ мебошанд. Имрӯз ҳам бидуни дастрасӣ ба Интернет ё замимаҳои мобилӣ, миллионҳо нафар ҳоло ҳам ба гунаи мисол барои пардохти маблағи хизматрасонии коммуналӣ соатҳо навбатпоӣ мекунанд», - таъкид мешавад дар маълумоти СММ.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста