Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шерхон Қодиров дар шаҳри Турсунзода аз олам даргузашт. Дар маъракаи ҷанозаи ӯ аз саросари ҷумҳурӣ хеле зиёд мардум иштирок карданд.

Ба гуфтаи Ҳаитбобо Ҳаитов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода, сарфи назар аз пиронсолӣ, тайи 17 соли ахир Қодир-бобо Шерхонов дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолона ширкат меварзид. «Ӯ муовини раиси Шӯрои собиқадорон буда, дар тамоми чорабиниҳои ободонии шаҳр иштирок мекард», - гуфт ӯ.

Қодир Шерхонов
Asia-Plus

Ин собиқадори ҷангро ҳама мешинохтанд: дар сайругаштҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳои ҷашнҳои 23 феврал, Наврӯз, Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи истиқлолият ӯ суруди «Катюша» ва дигар сурудҳо замони ҷнгро хонда, лезгинка рақс мекард ва шиорҳои «Барои Ленин ва Сталин» ва «Марг ба фашизм!»-ро сари забон дошт.

Asia-Plus

Аз рӯи ҳуҷҷатҳо Қодир-бобо Шерхонов соли 1922 таваллуд шуда, вале худаш ҳамеша мегуфтааст, ки соли дақиқу дурусти зода шудани ӯ - соли 1920 аст.

Ҳангоми маросими ба хок супурдани собиқадори ҷангу меҳнат муллоҳо синни марҳумро ҳисоб карда, мувофиқи тақвими ҳиҷрӣ он расо ба сад сол баробар будааст. Қодир Шерхонов дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, то Берлин расидааст ва соҳиби чандин ордену медалҳо мебошад.

Тибқи маълумоти Шӯрои маҳаллии собиқадорони ҷангу меҳнат, замони ҷанг 4 ҳазору 356 нафар аз шаҳри Турсунзода ба ҷанг даъват шуда, 2 ҳазору 525 нафари онҳо аз майдонҳои набард ба хонаҳояшон барнагаштаанд.

Айни замон 15 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди Шӯро мебошанд. Ҳамагӣ ду сол пеш шумори онҳо 29 нафарро ташкил медод…