Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи чӣ тавр ба таври дуруст гирифтани қарз гуфтем. Имрӯз доир ба ипотека сухан мегӯем.

“Ипотека чист”?

Ипотека ин гарави ғайриманқул, барои таъмини ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳанда мебошад. Қарзгиранда қарзро дар қарзҳои ипотекӣ барои харидани амволи ғайриманқул мегирад. Иҷро намудани ӯҳдадориҳоро дар назди қаздиҳанда гарав таъмин менамояд. Инчунин барои харидорӣ намудан ё ба гарав гузоштан, на танҳо манзил, балки дигар амволи ғайриманқул низ мумкин аст. Ҳамаи амволи ба ипотека харидашуда, мулки қарзгир ба ҳисоб меравад.

Тарафҳои мусбати ипотека

Ипотека ба шумо харидани амволи ғайриманқулро дар муддати хеле кӯтоҳ имкон медиҳад. Пештар мардум барои харидани манзил муддати дароз пасандоз мекарданд, ипотека бошад муҳимияти пасандоз карданро барои харидани хонаи дилхоҳ бартараф менамояд. Баъд аз ба охир расидани тамоми расмиёти зарурӣ, молу мулки харида, ба моликияти қарзгир мегузарад. Инчунин қарзгир метавонад аз ҳуқуқи қонунии худ истифода намуда, дар манзили харида шуда, истиқомат намояд ва аъзоёни оилаи худро ба қайд гузорад.

Ипотекаро чи тавр ба таври дуруст гирем?

Пеш аз ҳама ба шумо лозим аст, ки имкониятҳои худро холисона арзёбӣ намоед- яъне қобилияти мунтазам пардохт кардани қарзро ба бонк дошта бошед. Сипас, маслиҳат дода мешавад, ки аз куҷо гирифтани ипотекаро қарор кунед. Ҳангоми интихоб кардани ташкилоти молиявӣ, ба обрӯ ва баҳодиҳии мизоҷон таваҷҷӯҳ намоед. Вазифаҳои дар боло гуфта шударо иҷро намуда, ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои дархост намудани қарз лозиманд, оғоз намоед.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо

Дар ҷамъоварӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо бодиққат ва муфассал бошед, то пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар як маротиба сурат гирад на баръакс, ки раванди ҳуҷҷатсупорӣ бо сабаби набудани як ё ду ҳуҷҷат ба таъхир афтад. Инак, барои гирифтани ипотека номгӯи ҳуҷҷатҳо чунинанд: нусхаи шиноснома, рақами мушаххаси андозсупоранда, шаҳодатномаи тасдиқкунандаи шуғл (ҷои кор), маълумотнома дар бораи музди меҳнат. Талаботи ҳатмӣ, доштани кафил барои қарзгиранда мебошад. Кафил низ, бояд, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба қарзгир дахолат доранд, дошта бошад. Агар қарзгиранда, даромади иловагӣ дошта бошад, яъне барои мисол бо соҳибкорӣ машғул аст, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи чунин даромадро дошта бошад. Ҳамин тариқ, имконияти гирифтани ипотека аз рӯи даромаднокӣ зиёдтар хоҳад буд.

Раванди қабули қарор аз рӯи ипотека дар бонк

Баъд аз пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикр гардида ба бонк, дархост барои ипотека навишта мешаванд ва дар асоси он, бонк қарор қабул мекунад. Раванди таҳлил ва қабули қарор аз ҷониби бонк аз 3 то 6 моҳро ташкил медиҳад. Қарор дар асоси дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳод гардида, қабул шуда, инчунин, таърихи қарзии қарзгир ба инобат гирифта мешавад, яъне то чанд он мусбат аст. Як қатор тафтишотҳо аз ҷониби бонк вуҷуд дорад, зеро на ҳар вақт дархост барои гирифтани ипотека мусбат баррасӣ мешавад. Агар бонк ба қарор ояд, ки қарзгир пардохтнопазир аст, сатҳи даромади он барои пардохти ипотека кофӣ нест, агар ҷои кори ӯ устувор нест, пас дар чунин ҳолатҳо, бонк додани қарзи ипотекиро рад менамояд.

Дар асл, ипотека қадами масъулиятнок аст. Муносибат ба он бояд боъҳтиёт ва боисмат бошад, агар шумо аллакай қарз дошта бошед, ҳатман аз гирифтани ипотека худдорӣ намоед, то ба мушкилот дучор наоед.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.