Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон озмуни экологӣ ҷамъбаст гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи палатаи поёнии парлумон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаи комиссияи экологии парлумони касбии мамлакатро ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки мақсади озмун инъикоси воқеъбинонаи мавқеъ ва сиёсати экологии пешгирифтаи Пешвои миллат мебошад.
Гуфта мешавад, дар давраи эълони озмун ба комиссия 11 асар пешниҳод гардида, ҷои якум ва мукофоти пулии 4000 сомонӣ ба Аламшоев Қурбон барои филми мустанад дар мавзӯи “Фарҳанги шикор дар Помир”, ҷои дуюм ва мукофоти пулии 3000 сомонӣ ба Яқубов Ҷамолиддин барои силсилаи мақолаҳо дар бораи гузариш ба “иқтисоди сабз ва ҷои сеюм ва мукофоти пулии 2000 сомонӣ ба Каримзода Бурҳониддин барои сислсилаи мақолаҳо оид ба муносибати мутақобилаи инсон ва табиат, оби тоза ва эҳёи вожаи “вубол” дар муносибат бо муҳити атроф дода шуд.
Ҳамчунин барои ҷои чорум ва 8 нафар муаллифони асарҳои воридгардидв тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.