Дар вохӯрӣ бо ронандагони автобусҳои нав, ки аз пагоҳ, 15 апрел дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба мусофиркашонӣ оғоз мекунанд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти    хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳоимуайяншуда ҷалб намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, нақлиёти нави мусофирбар, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, аз ҷониби ронандагони тоҷик ва таҳти роҳбаладии мутахассисони туркӣ ба пойтахт интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu» тақрибан 90 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад, ҳол он ки   нархи як адад автобуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Федератсияи Россия, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллари ИМА мебошад.

Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад.

 


Пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба автобусҳои нав рӯзи 15-уми апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Чанде аз автобусҳои кӯҳна ба хатсайрҳои дигар гузаронида шуда, автобусҳои муҳлати истифодаашон хотимаёфта аз пойтахт бароварда мешаванд.