Кормандони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соҳибкорони ӯзбек ба тарбиятгирандагони муассиса шириниҳои аз кишварашон овардаро тақдим кардаанд.

Корманди сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе Фарҳод Раҳмонбердиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ду корманди ширкати қаннодии SLADUS PRODUCE-и шаҳри Тошканд Қаҳрамон Маннапов ва Камолиддин Зокиров бо ташаббуси худ ба ин иқдом даст задаанд.

- Кормандони ширкат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и Душанбе шириниҳо тақдим намуда, имрӯз низ ба ташкилоти ҷамъиятии «Коврони умед», ки ба шаҳрвандони дар вазъи душвор қарордошта кумак мекунад, маснуоти қанннодии худро ҳадя мекунанд, - гуфт Раҳмонбердиев.