Рӯзи душанбе Дабири кулли СММ аз Помир боздид намуда, яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон - кӯли Сарезро тамошо кард. Дар ин боздид Антониу Гутерришро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ кард.

1/32

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ аз мушоҳидаҳояш зимни парвоз дар фазои Помир ба шигифт омадааст.

«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Тоҷикистон мушоҳида кардааст, мутаассир шудааст. Ҳудуди 30%-и пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд», - гуфтааст сухангӯи СММ дар брифинги Ню-Йорк.

Зимни сафар Антониу Гутерриш бори дигар аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд, зеро «инсоният ба аз даст додани вақт ҳуқуқ надорад».