Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии майли занону духтарон ба фарҳанги бегонаву ба бар намудани либосҳои ба миллати мо бегона 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, ба гурӯҳҳои корӣ намояндагони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи шаҳр, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони Шӯрои занони маҳаллаҳо, аъзои фаъоли Шӯрои занони вилоят ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд шомил гардиданд.

Зимни ҷаласа аз ҷониби Сардори Раёсати кор бо занон ва оила Н.Мирзозода ба иштироккунандагон оиди пурзӯр намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ супориш дода шуда, нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз санаи 4 июли соли равон аъзои гурӯҳҳо фаъолияти худро оғоз намуда, ба ҳамаи маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар карда шуданд.