Директори аз мансаб барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода аз болои шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ба суд шикоят бурд.

Дар бораи мавҷуд будани даъво ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод. Худи Сайфиддин Назарзода аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинзода низ изҳор дошт, ки дар мавриди ин масъала чизе гуфта наметавонад.

«Агар ман ҳозир чизеро дар ин робита шарҳ бидиҳам, баъд ӯ фикр мекунад, ки ман ба ӯ хусумате дошта бошам», - хабар дод ӯ ба «Азия-Плюс» тариқи телефон, вале дар ҳамин ҳол, далели мавҷуд будани даъворо на тасдиқ карду на инкор.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Сайфиддин Назарзодаро барои пуршукӯҳу ҳангомадор баргузор кардани тӯйи писараш аз мансаб сабукдӯш кард.

Дар бораи ба қонуншиканӣ роҳ додан дар тӯйи писари Назарзода дар барномаи «Ахбор»-и шабаки телевизиони «Тоҷикистон» гузориш намоиш дода шуд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизион, тӯйи Фирдавс, писари Назарзода дар тарабхонаи «Шоира Люкс»-и пойтахт доир гардида, тибқи маълумоти журналистон, дар он беш аз 300 нафар ҳузур доштаанд, ҳарчанд қонун ба 150 нафар иҷоза медиҳад.

Баъди намоиши гузориш Сайфиддин Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як қатор ВАО изҳор кард, ки ба қонуншиканӣ даст назадааст ва иттиҳомот нисбати ӯ кори дасти душманонаш мебошад.