Парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шарҳи танзими либоси шаҳрвандон дар қонун гуфт, ки дар ин қонун ҷазо барои нақзи ин ӯҳдадорӣ пешниҳод нашудааст.
Дар ояндаи наздик, ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ҳукумати Тоҷикистон «як низомнома таҳия ва меъёрҳои мушаххасро муайян кунад». Ҳилолбӣ Қурбонзода ворид кардани меъёри либоси миллӣ дар қонуни танзимро як амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки бояд ҳама аъзои ҷомеаи Тоҷикистон зидди пӯшидани либоси барои фарҳанги миллӣ бегона иқдом кунанд.
Дар овоздиҳии ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, ки бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар шарту шароити баргузории бархе маросимҳои суннатӣ ва буҷаи ин маъракаҳо таҳрир ворид шуд.
Аз ҷумла, вакилон розӣ шуданд, ки забҳи чорвои калон ва додани таъом дар маъракаи азодории "ҳафту чилу сол" манъ манъ шавад ва маросимҳои хатнасури кӯдакон бе овозхонҳову ҳунармандон баргузор шавад.
Маъракаи «ҳоҷизиёрат», ки баъди аз маконҳои муқаддас баргаштани зоирон барпо мешуд, ҳамчунин манъ мешавад.
Памир в каждой бусинке. Как любовь к корням превратилась в бренд украшений
Таджикистан и Кыргызстан обсудили возобновление автобусного сообщения между странами
Половина записавшихся в хадж жителей Дангары отказались от поездки в пользу благоустройства района
В школах Таджикистана с родителей снова требуют деньги на ремонт. И с этим ничего нельзя сделать?
Эмомали Рахмон потребовал активизировать сбор налогов и привлечение прямых инвестиций в экономику
Строящийся центральный стадион в Душанбе: как он выглядит сейчас?
Почему в регионах Таджикистана не учитывается средний класс?
Проза Хафиза Сайфуллаева как дуновение свежего ветра в таджикской русскоязычной литературе
Huawei в Берлине представила новую линейку носимых на запястье устройств
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свобода клика, герой-мигрант, новые электробусы и трагические потери
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста