Ҳукумати вилояти Новосибирски Русия шумори иҷозатномаҳои будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро кам кардан мехоҳад.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати вилоят дар ин робита менависад, тӯли чандин сол шумори квотаҳо бетағйир боқӣ монда, 4 ҳазор адад иҷозатномаро ташкил медод ва дар соли 2018 бошад, то 3 ҳазор адад кам кардани он пешниҳод шудаааст.

Гуфта мешавад, пешниҳоди дахлдор дар ин хусус ба ВКД Русия ирсол хоҳад шуд. Чун дар дигар шаҳрҳои Русия дар Новосибирск низ ба ин васила талош доранд, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза баранд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар вилояти Новосибирск барои кору зиндагӣ ва таҳсилу роҳандозии тиҷорат шароитҳои мусоид фароҳам аст, ки амалисозии муваффақонаи барномаи давлатии ихтиёрӣ аз хориҷи кишвар ба ватан кӯчонидани ҳамватанон ба ин гувоҳӣ медиҳад.

Аз соли 2009 то соли 2012 аз рӯи ин барнома наздики 6 ҳазор нафар ҳамватанон ва аз соли  2013 то имрӯз аз 26 кишвари ҷаҳон қариб 28 ҳазор ҳамватанон ба вилояти Новосибирск кӯчидаанд, ки қаблан асосан дар Қазоқистон (70%), Украина (7%) ва Ӯзбекистон (4%) иқомат доштанд.