Дар посух ба изҳороти муфтии шаҳри Москва Альбир Крганов Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои расмии динии Русия дар сатҳи хуб қарор дорад.
«Намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла Раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд», - қайд мешавад дар ин робита дар сомонаи ин ниҳод.
Зимнан зикр мегардад, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки муфтии Маскав Албир Крганов чанде қабл дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар карда буд.
Ҳамчунин аз Кумитаи умуи дини ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ки ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста