Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV ба ҷоизаи Global Leadership Award сазовор дониста шуд.
Тавре дафтари матбуоти Ташкилоти Оғохон оид ба рушд хабар медиҳад, ин мукофот ба ӯ барои саҳми назаррас дар ҳамкории гуманитарӣ ва тағйири ҳаёти одамон ба сӯи беҳбудӣ тақдим шудааст.
Ин мукофоти олиро ба Пешвои исмоилиёни ҷаҳон собиқ Дабири куллии СММ Кофи Аннан супурд. То маросими тақдими ҷоиза Оғохони IV дар Ню-Йорк бо Дабири кулли ҳозираи СММ Антониу Гутерриш дидору гуфтушунид кард.

Ҷоизаи Global Leadership Award ҳамасола ба шахсону ташкилотҳое тақдим мегардад, ки дар фаъолияти СММ барои ноил гардидан ба сулҳу созиш ва шукуфоӣ саҳми беандоза гузоштаанд.
Шоҳзода Карим Оғохони IV Пешвои ҷомеаи мусалмонони исмоилия буда, дар зиёда аз 25 кишвари саросари дунё наздики 15 млн. пайравон дорад.
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, ки дафтари кориаш дар Париж воқеъ аст, аз ҷониби Имомати Исмоилиён соли 1967 таъсис дода шудааст. Айни замон дар Канада, Британияи Кабир, Швейтсария, Покистон ва Тоҷикистон филиалҳои он ҷойгиранд.
Бунёди Оғохон дар кишварҳои гуногун ба сохтмони мактабу донишгоҳҳо маблағгузорӣ намуда, барои таҳсил низ грантҳои мухталиф таъсис медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ее имя увековечено в звездах. Как Светлана Герасименко открыла комету возрастом около 4,5 млрд лет
Белый дом анонсировал военный бюджет США на $1 триллион
Скончалась таджикский астроном Светлана Герасименко, открывшая комету 67P/Чурюмова–Герасименко
ДУМК Кыргызстана поддержал запрет на ношение «чуждых» никабов
Таджикистан и Кыргызстан признали водительские удостоверения друг друга
Глава ВОЗ считает неизбежной новую пандемию
Таджикский тенор Шохрух Юнусов: «Победа нуждается в подготовке»
Радио «Озоди»: В Согде суд оштрафовал юношу, пожаловавшегося на пытки со стороны милиционеров
В Душанбе открылся IT Park. Как стать его резидентом?
Таджикский боец примет участие в турнире Road to UFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста