Ин пешниҳод аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, айни замон масъалаи ҷойгир кардани ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, роҳбарони 8 шабакаи давлатии телевизион - «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Футбол», «Синамо» ва «Душанбе» феълан масъалаи ҷойгиркунии студияҳо ва ҳайати кормандонашонро дар бинои 22-ошёнаи аз ҳама баландтарини пойтахт баррасӣ доранд.
Қобили зикр аст, ки маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» бо ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, сабаби ҷойгиркунии шабакаҳои давлатии телевизион дар «Душанбе Плаза» он аст, ки бино аз замони мавриди истифода қарор гирифтанаш қариб холӣ буда, хоҳишмандони иҷора гирифтани дафтарҳои корӣ дар он зиёд нестанд.
Айни замон шабакаҳои телевизиони «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» дар бинои Маркази телевизиони пойтахт, «Сафина» - дар собиқ бинои Филармонияи давлатӣ, «Синамо», «Варзиш» ва «Футбол» - дар бинои Академияи ВАО-и кишвар, «Баҳористон» - дар бинои Хонаи радио ва «Душанбе» - дар бинои собиқ кинотеатри «Хроника» ҷойгир шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки бинои телевизиони «Сафина» кӯчонида шуда, дигар биноҳое, ки дар онҳо шабакаҳои боқимондаи телевизион ҷойгиранд, бо салоҳдиди ҳукумат мавриди истифода қарор мегиранд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста